Август 30, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори имрӯз дар Бишкек ҳамлаи террористӣ буд

Муовини нахуствазири Қирғизистон ҳодисаи инфиҷор дар Сафорати Чин дар Бишкекро ҳамлаи террористӣ унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ дар бораи инфиҷори субҳи имрӯз дар наздикии Сафорати Чин дар Бишкек гуфт: "Дар ин инфиҷор террористҳои интиҳорӣ бо як худрав ба сафорат наздик шуданд ва дар наздики сафорат иқдом ба инфиҷор карданд".

Раззоқов афзуд, ҳамакнун ин минтақа таҳти контрол ва назорати нерӯҳои полиси маҳаллӣ қарор дорад.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти инфиҷори субҳи имрӯз дар Бишкекро бар ӯҳда нагирифтааст.

Субҳи имрӯз дар ҷануби шаҳри Бишкек, пойтахт Қирғизистон ва наздики сафорати Чин инфиҷор рӯй дод, ки бар асари он як тан кушта ва се нафар захмӣ шуданд.

Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ба хусус Қирғизистон бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ҳамкорӣ мекунанд, ки бозгашти ин афрод ба кишварҳояшон метавонад муҷиби нооромӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шавад.

 

Барчасп