Таъкиди вазирони дифои Узбакистон ва Русия бар тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ
(last modified 2018-10-14T10:38:20+00:00 )
Октябр 14, 2018 15:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони дифои Узбакистон ва Русия бар тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ

Дар дидори вазирони дифои Узбакистон ва Русия бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар заминаҳои низомӣ ва амниятӣ таъкид шуд.

Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои муштаракулманофеъ, Абдуссалом Абдулазизов вазири дифои Узбакистон бо Саргей Шойгу ҳамтои руси худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Абдулазизов бо ишора ба аҳамияти равобити миёни Тошканд ва Маскав, бар иродаи кишвараш ҷиҳати тавсиаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ бо Русия таъкид кард.

Вазири дифои Узбакистон гуфт: Низомиёни ин кишвар ба таври фаъол дар тамринот ва размоишҳои низомие, ки аз тарафи Русия баргузор мешаванд, ҳузур пайдо карданд.

Вай ибрози умедворӣ кард, сафари ояндаи Путин раиси ҷумҳурии Русия ба Узбакистон заминаи тавсеаи бештари ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталифро фароҳам кунад.

Вазири дифои Русия низ дар ин дидор гуфт: Равобити байни Маскав ва Тошканд, ҳамкориҳои байни вазоратҳои дифои ду кишварро пӯё ва дари ҳоли тавсиа тавсиф кард.

Шойгу гуфт: Дар шароити кунунӣ лозим аст, то алайҳи чолишҳо ва таҳдидот ва ба вижа терроризми байналмилалӣ дар минтақа муборизаи муштарак анҷом диҳем.

Вазири дифои Русия ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаи тақвияти тавони размии неруҳои мусаллаҳи Узбакистон ва ҳамчунин омӯзиши низомии ин кишварро ризоятбахш хонд ва хотирнишон кард: Дар соли ҷорӣ беш аз 340 низомии неруҳои мусаллаҳи Узбакистон дар муассисаҳои омӯзиши низомии Русия машғул ба таҳсил шуданд, ки болотарин рақами таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ мебошад.