Фароҳам шудани имкони истифодаи марокизи дармонии Тоҷикистону Узбакистон барои шаҳрвандони ин ду кишвар
(last modified 2018-12-04T05:22:53+00:00 )
Декабр 04, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани имкони истифодаи марокизи дармонии Тоҷикистону Узбакистон барои шаҳрвандони ин ду кишвар

Барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон истифода аз марказҳои дармонӣ ва тавонбахшии кишварҳои якдигар муяссар шуд.

Ба гузориши сомонаи “CA News”, дар пайи дидори ҳайате аз Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз Тошканд ва гуфтугӯ бо ҳамтоёни узбакистонӣ дар он шаҳр тарафҳо дар заминаи фароҳам кардани истифодаи шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз марокизи обдармонӣ, намакдармонӣ, гилдармонӣ ва муассисоти тавонбахшӣ ба тавофуқ расиданд.

Исмоил Файзизода, муовини аввали раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси ин тавофуқ, шаҳрвандони ду кишвар бидуни мушкил метавонанд бо муроҷиа ба иттифоқҳои касаба муҷаввизи истифода аз марокизи ёдшударо дарёфт намоянд. Ҳамчунин дар мавриди баргузории давраҳои тафреҳӣ барои донишомӯзони макотиби ду кишвар дар фасли тобистон дар марокизи ҷаззоби Тоҷикистону Узбакистон созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Тоҷикистон дорои манобеи обдармонии муҳиме ҳамчун Хоҷа Обигарм дар шимоли шаҳри Душанбе, Гармчашма дар вилояти Бадахшон, Шоҳанбарӣ дар ноҳияи Ҳисор, намакдармонӣ дар ноҳияи Ашт ва гилдармонӣ дар ноҳияи Исфара аст, ки қабл аз истиқлоли ин кишвар мавриди истифодаи фаровони шаҳрвандони Узбакистон қарор мегирифтанд.

Бо беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон ва фароҳам шудани заминаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар акнун ҳамкории ниҳодҳои мухталифи ин ду ҷумҳурӣ дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, илмию фарҳангӣ, гардишгарӣ ва дармонӣ дар ҳоли густариш аст.