Сафари раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ба Тошканд: Авзои минтақа меҳвари ройзанӣ
(last modified 2019-03-06T14:43:23+00:00 )
Март 06, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ба Тошканд: Авзои минтақа меҳвари ройзанӣ

Ҳайати Афғонистон ба сарпарастии раиси Шӯрои амнияти миллии ин кишвар дар Тошканд бо вазири умури хориҷаи Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати Афғонистон ба сарпарастии Ҳамидуллоҳ Муҳиб, мушовири раисҷумҳур ва раиси Шӯрои амнияти миллии ин кишвар дар Тошканд бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидори тарафайн масоили марбут ба тарҳи сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ ва дар бораи мавзӯоти минтақаӣ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон таъкид кард, Афғонистон ба унвони яке аз муҳимтарин абъоди сиёсати хориҷии Тошканд талаққӣ шуда ва Узбакистон мусаммам аст дар оянда низ ба бозсозии зербиноҳои иқтисодии он кумак кунад.

Мушовири раисҷумҳури Афғонистон низ дар ин дидор изҳор дошт, ҳузури ӯзбакҳо дар иҷрои тарҳҳои роҳбурдӣ барои Афғонистон ва мардуми он дар заминаҳои ҳамлунақлӣ, энержӣ ва омӯзишӣ як шарти муҳим ҳаллу фасли авзои Афғонистон ва пайвастани он ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ мебошад.

Мубодилоти бозаргонии 2 кишвар дар соли 2017 мелодӣ бо 19 дарсад афзоиш нисбат ба соли қабл, дар сатҳи 617 миллиону 100 ҳазор доллар қарор гирифта буд.

Ҳамакнун дар Узбакистон 110 ширкат бо сармоягузории афғонӣ фаъолият мекунанд.

Дар Афғонистон низ 8 ширкат бо ҳузури бозаргонони ӯзбак фаъолият мекунанд.

Афғонистон истиқлоли ин кишварро дар таърихи 22 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 13 октябри соли 1992 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.

 

Барчасп