Як кушта ва 35 захмӣ дар амалиёти нофарҷоми боздошти раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон
(last modified 2019-08-08T05:48:58+00:00 )
Август 08, 2019 10:48 Asia/Dushanbe
  • Як кушта ва 35 захмӣ дар амалиёти нофарҷоми боздошти раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон

Дар ҷараёни иқдоми нерӯҳои амниятӣ барои боздошти раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки ба даргирӣ бо ҳаводоронаш мунҷар шуд як нафар кушта ва 35 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ин аввалин талоши нерӯҳои амниятӣ барои боздошти Отамбоев дар иқоматгоҳаш дар наздикии Бишкек пойтахити Қирғизистон буд, ки ноком монд.

Гуруҳе аз ҳаводорони раиси ҷумҳури собиқ монеъ аз вуруди нерӯҳои амниятӣ ба иқоматгоҳи вай шуданд.

Амалиёти нерӯҳои амниятӣ ба даргирӣ бо ҳаводорони Отамбоев мунҷар шуд. Дар паи ин иқдом як нерӯи амниятии вижаи Қирғизистон ба зарби гулула кушта шуд. Манобеи хабарии маҳаллӣ гуфтанд чанд нафар аз ҷумла як хабарнигор бар асари гулула захмӣ шуданд, аммо дастгоҳи амниятӣ эълом кард, ки фақат як тири пластикӣ паронда шудаанд. Отамбоев ба фасоди молӣ муттаҳам шуда ва парлумон низ масунияти вайро бекор кард.

Вай ки аз соли 2011 то 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд Сооронбой Жеенбеков раиси ҷумҳури кунуниро муттаҳам ба иттиҳомзанӣ алайҳи худ кардааст. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия моҳи гузашта бо Отамбоев мулоқот кард.

Ин дидор ба ин гумоназаниҳо, ки Отамбоев аз ҳимояти Путин бархурдор аст доман зад.

Аммо Путин ба хабарнигорон гуфт, ки ҳеҷ чизи махфӣ дар ин дидор вуҷуд надоштааст. Вай изҳор дошт, шумо медонед, ки ман ҳамеша барои тамос бо ҳамтоёни кунунӣ ва пешинам омода ҳастанм. Бале дар ҳақиқат бо Отамбоев мулоқот кардам ва мо дар бораи вазъи минтақа ва Қирғизистон суҳбат кардем.

Барчасп