Кашфи маводи ғизоии қочоқ бо талоши марзбонони қирғизистонӣ
Март 10, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
Мақомоти марзии Қирғизистон дар 24 соати гузашта аз ду мавриди қочоқи маводи хурокӣ аз вуруд ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон, дар иттилоияи Дафтари матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон омада, ки марзбонони ин кишвар дирӯз дар шаҳристони Лайлаки вилояти Бодканд 15 тонна меваи қочоқро аз як шаҳрванди Қирғизистон кашф ва забт карданд.
Ҳамчунин шаби гузашта дар шаҳристони ёдшуда мақомоти қирғизистон монеъ аз қочоқи 17 тонна орд ба Тоҷикистон шуданд, ки омили ин тахаллуф як шаҳрванди Қирғизистон будааст.
Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо аст аз лиҳози амниятӣ ва сиёсӣ хабарсоз буда ва талошҳои мақомоти ду кишвар барои ҳаллу фасли комили масоили марзӣ ҳануз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.