Октябр 02, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи муноқишаи арзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ба рағми талоши мақомоти тоҷик ва қирғиз барои коҳиши ихтилофоти арзии ду кишвар, бархе гузоришҳо ҳокӣ аз ташдиди танишҳои марзӣ миёни сокинони навоҳии марзҳои тарафайн аст.

Ба мувозоти идомаи талошҳо дар чорчуби гуфтугӯҳои кумитаи марзбонии ду кишвар, интишори гузориши ташдиди даргирии сокинони баъзе аз рустоҳои марзӣ дар навоҳии  Исфара ва Бодканд, ҳокӣ аз бетаъсир будани ин талошҳо аст.

Ба гуфтаи сокинони марзии Тоҷикистон, масъулони марзии Қирғизистон се рӯз пеш, нишони давлатии кишвари худро ҳудуди 500 метр бештар аз хатти марзӣ дар заминҳои Тоҷикистон насб кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, тоҷикҳо вориди заминҳои худ шаванд, зимни инки батаври шабонарӯзӣ аз ин қитъа посдорӣ мекунанд .

Мушаххас набудани хатти марзӣ ва аломатгузорӣ нашудани ин навоҳӣ боиси даргириҳои фаровон байни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон шудааст. Мардуми рустоҳои марзӣ дар манотиқи мавриди муноқиша барои обу чарогоҳу замин, борҳо бо ҳам даргир шудаанд ва дар ин даргириҳо теъдоде кушта ва захмӣ шудаанд. Дар соли ҷорӣ низ талоши ду кишвар барои ҳалли мушкилот ва муноқишоти сокинони марзӣ идома дошт, аммо натиҷабахш набуд.

Аз 976 километри марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон токунун 504 километр мушаххас аломатгузорӣ шудааст. Далели аслӣ ва доимии ихтилоф миёни сокинони навоҳии ду сӯи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари истифода аз роҳҳо ва оби рудхонаҳо будааст. Набуди манобеи энержии нафту газ ва камбуди дастрасӣ ба нерӯи барқ, сабаби иҷрои тарҳҳои мухталифи эҳдоси нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ду кишвар шудааст. Ҳамин мавзуъ ба мувозоти афзоиши истифодаи ду кишвар аз манобеи оби минтақа, сабаби ташдиди ихтилофоти онҳо шудааст. Дар бархе маворид ин ихтилофот ба даргириҳои мусаллаҳона байни сокинони ду сӯи марз бавижа дар манотиқи Лайлак ва Бодканд дар Қирғизистон ва ё навоҳии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Ҳар бор низ музокироти ҳайъатҳои дутараф дар сутуҳи мухталиф аз мақомоти давлатӣ гирифта то мақомоти идораи марзбонӣ ба коҳиши таниш кумак карда, аммо бо кӯчактарин иқдоми ҳар як аз тарафайн, оташи зери хокистари ихтилофи арзии ду кишвари шуълавар шудааст .

Соли гузашта давлати Қирғизистон аз тарҳе барои аломатгузории даҳ километри дигар аз минтақаи марзии мавриди ихтилофи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод. Бо тарҳи Қирғизистон барои таъини ҳудуди марзӣ ин умедворӣ ба вуҷуд омад, ки ихтилофоти Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки аз замони фурупошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 идома дошт, андаке коҳиш ёбад .

Тасаввур мешуд, оғози аломатгузорӣ ва таъкиди мақомоти ду кишвар бар зарурати таъини марзҳои дутараф битавонад бистари ҳалли ниҳоии мушкилоти амниятӣ дар марзҳои ду кишварро фароҳам оварад ва ба улгуе барои ҳалли дигар ихтилофоти минтақаӣ табдил шавад. Аммо гузашти замон бавижа таҳаррукоти ахири сокинони марзии ду кишвар нишон дод, талошҳои мақомоти давлатӣ таъсире бар ҳалли ихтилофоти решаӣ ва торихии Қирғизистон ва Тоҷикистон надоштааст.