Бишкек ҳамчунон ноором аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i58091-Бишкек_ҳамчунон_ноором_аст
Дар пайи бурузи эътирозоти густарда дар Қирғизистон ба натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ хост, ки ҳаводорони худро ором кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 06, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • Бишкек ҳамчунон ноором аст

Дар пайи бурузи эътирозоти густарда дар Қирғизистон ба натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ хост, ки ҳаводорони худро ором кунанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сооронбой Жээнбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард: “Ба нерӯҳои амниятӣ дастур додаам, ки ба муътаризон тирандозӣ накунанд ва ҳамчунин аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ низ мехоҳам, ки ҳаводорони худро ором кунанд”.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кардааст, ки дар даргирии байни нерӯҳои полис ва тазоҳуркунандагон дар Бишкек як тан кушта шуду 590 нафар захмӣ шуданд.

Муътаризон дар Қирғизистон бо ҳамла ба сохтмони зиндоне, ки нахуствазири собиқи ин кишвар дар он нигаҳдорӣ мешавад, ӯ ва шумори дигаре аз мақомоти собиқро озод карданд.

Муътаризон ҳамчунин дар Бишкек бахшҳое аз сохтмони порлумони ин кишварро оташ заданд.

Гуфта мешавад, нерӯҳои полис барои мутафарриқ кардани шӯришиён аз гази ашковар, норинҷаки савтӣ ва гулӯлаҳои пластикӣ истифода кардаву муътаризон ҳам ба тарафи нерӯи полис сангандозӣ карданд.

Image Caption
Image Caption

 

Дар пайи эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон тарафдорони бархе аҳзоби бозанда дар интихобот барои тазоҳурот ба хиёбонҳо омаданд.

Намояндагони ин ташаккулҳои сиёсӣ муддаӣ шуданд, ба иллати нақзи қонуни интихобот, натоиҷи раъйгириро ба расмият намешиносанд.

Бар асоси охирин додаҳои натоиҷи интихоботи порлумонӣ аз 16 ҳизб фақат 4 ҳизби сиёсӣ муваффақ шуданд аз садди 7 дарсадии вуруд ба порлумон убур кунанд.