Октябр 31, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Филми мазҳакавии “Борат 2” ба тозагӣ дар Амрико ба намоиш даромада аст
    Филми мазҳакавии “Борат 2” ба тозагӣ дар Амрико ба намоиш даромада аст

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон бо таҷаммӯъ муқобили сарконсулгарии Амрико дар Алмаато, хашми худро аз намоиши филми зидди нажоди қазоқ эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, филми синамоии мазҳакавии “Борат 2”  ба тозагӣ дар Амрико ба намоиш даромада, ки бо эътироз ва ирсоли шикоятнома ба консулгарии Амрико дар Қазоқистон ҳамроҳ шудааст.

Достони филми синамоии мазҳакавии “Борат 1”, ки дар соли 2010 ба намоиш даромад дар бораи марди рӯстое аст, ки ба Амрико сафар мекунад ва вурӯди ӯ ба ин кишвар ва бархӯрдаш бо мардум ва муҳит ба сӯрати таҳқиромез ба намоиш дар меояд.

Агар чӣ таҳиякунандагони ин филм муддаӣ шуданд, ки ҳадаф, намоиши кишвари ношинохта ва бидуни ном будааст, аммо дар ин филм парчами Қазоқистон дида мешуд, ки ин мавзӯъ, ки дар ҳамон сол боиси эътирози Қазоқистон ба созандагони ин филм шуд.

Муътаризони хашмгини қазоқистонӣ дар эътироз ба тавлиди қисмати дувуми ин филм бо таҷаммӯъ муқобили сарконсулгарии Амрико дар Алмаато, таваққуфи намоиши “Борат 2”-ро хостор шуданд.

Тазоҳуркунандагон бо гардондани тобути намодиние, ки макети шахсияти филми “Борат” дохилм он буд, шиорҳоеро дар маҳкумияти сохти ин филм сар дода ва эълом карданд, ҳамчунон ба эътирози худ дар ин робита идома медиҳанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Истиқбол аз ғизоҳои эронӣ дар Қазоқистон

Ҳадия додан ба кормандони давлат дар Қазоқистон мамнӯъ шуд

Филми эронӣ; Барандаи ҷоизаи беҳтарин аниматсия дар ҷашнвораи "Варшава"

 

Барчасп