Декабр 02, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд тафоҳумнома имзо карданд
    Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд тафоҳумнома имзо карданд

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , дар маросими имзоии тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ӯзбекистон Ҳамид Нирободӣ ҳузур дошт.
 


Нирободӣ дар ин маросим гуфт: "Дар натиҷаи сиёсати хориҷии муассири Раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои мутақобили ин кишвар бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои мухталиф беш аз пеш густариш ёфтааст. 
 


Сафири Эрон дар Тошканд афзуд: «Дар даврони ҳамагирии корона равобити ду кишвар ба сурати маҷозӣ дар сатҳи порлумон, вазорати хонаҳо ва идорот афзоиш доштааст, ки ин барои саривақт татбиқи биниши ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард." 
 
 Дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкории байни Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд эълом шуд маркази эроншиносӣ дар ин донишгоҳ дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.
 
 Дар ин маросим ҳамчунин рисолаи «Силсилаи маъонӣ дар достонҳои Хамса» таълифи Аҳмадҷон Қиронбеков устоди гурӯҳи филологияи ( луғатшиносӣ ) эронӣ – афғонистонии Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд рӯнамоӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп