Воми 93 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Ӯзбекистон барои ташкили шуғл
(last modified Tue, 15 Dec 2020 10:21:46 GMT )
Декабр 15, 2020 15:21 Asia/Dushanbe
  • Воми 93 миллиондолларии Бонки тавсеаи Осиё ба Ӯзбекистон барои ташкили шуғл
    Воми 93 миллиондолларии Бонки тавсеаи Осиё ба Ӯзбекистон барои ташкили шуғл

Бонки Рушди Осиё барои афзоиши шуғл дар Тоҷикистон ба ин кишвар муодили 93 миллион доллар вом ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, «Син Лун» коршиноси аршади бахши иҷтимоии Бонки рушди Осиё рӯзи сешанбе гуфт: ин кишвар барои ташвиқи рушди иқтисодӣ ва эҷоди иштиғол аз потенсиали зиёде бархурдор аст, аммо камбуди маҳорат монеи ҷиддӣ бар сари роҳи рушди бахши хусусӣ ва танаввуи бахши иқтисодӣ аст.

 

"Ин нақша дар кумак ба афзоиши шуғл, бавижа ҷавонон ва фароҳам овардани донишҷуён ва корҷӯён малакаҳои зарурӣ барои муваффақ шудан дар бозори кор нақши муҳим хоҳад дошт", гуфт Син Лун.


Бонки рушди Осиё дар соли 1966 милодӣ барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ, ҳамгаройии минтақаӣ ва рушди пойдор дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором дар Монили Филиппин таъсис шудааст ва ҳамакнун 67 узви дорад.

Ӯзбекистон дар соли 1995 милодӣ ба Бонки рушди Осиё пайваст ва ин ниҳоди молӣ токунун 8 миллиарду 100 миллион доллар дар ихтиёри ин кишвар қарор додааст.

 

Бештар бихонед: