Декабр 21, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Густариши вируси корона сабаб шудааст то баҳрабардорӣ аз мактаби Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба таъхир афтад
    Густариши вируси корона сабаб шудааст то баҳрабардорӣ аз мактаби Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба таъхир афтад

Тоҷикҳои вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Ӯзбекистон мунтазири баҳрабардорӣ аз мактаб ва боғчаи бачагонаи сохти Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, дар соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбакистон дар бораи сохти мактаб, боғчаи бачагону бемористон дар қаламрави якдигар ба тавофуқ расиданд, ки Тошканд ба ваъдаи хеш амал кард ва мадрисаи сохти Ӯзбакистон имсол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба баҳрабардорӣ расидд.

  Бемористони ваъда кардаи Ӯзбакистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ омодаи ифтитоҳ аст.

Бо ин ҳол сохти мактаб ва боғчаи бачагони ваъдадодаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Самарқанду Фарғона ҳанӯз такмил нашудааст.

Сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар Ӯзбакистон, ки ахиран ба вилояти Фарғона сафар карда буд иллати ин таъхирро густариши вируси корона эълом карда ва гуфтааст, ки бо бозгушоии марзҳои ду кишвари сохт ин ду марказ суръат хоҳади гирифт.

Аз дидгоҳи тоҷикони Ӯзбакистон ҳимояти Тоҷикистон аз тақвияти ҷойгоҳи забони форсии тоҷикӣ ва кумак ба марокизи омӯзишии онон дар Ӯзбакистон барои ҳифзи фарҳанги тоҷикӣ бисёр муҳим мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп