Декабр 22, 2020 18:55 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯаи варзишии модерн ба унвони ҳадяи мардуми Эрон ба мардуми Қирғизистон дар шаҳри Ӯш ба баҳрабардорӣ расид
    Маҷмӯаи варзишии модерн ба унвони ҳадяи мардуми Эрон ба мардуми Қирғизистон дар шаҳри Ӯш ба баҳрабардорӣ расид

Маҷмӯаи варзишии сохти Эрон дар устони Ӯши Қирғизистон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар маросими ифтитоҳияи ин маҷмӯаи варзишӣ Таалайбек Сарибошев, шаҳрдори Ӯш, Саиди Харрозӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон ва варзишкорону сокинони маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Шаҳрдори Ӯш дар маросими ифтитоҳи ин маҷмӯаи варзишии ҷадид ба сокинон табрик гуфт ва аз сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ташаккур кард.

Саиди Харрозӣ, сафири Эрон дар Бишкек низ ифтитоҳи ин маҷмӯаи варзиширо табрик гуфт ва афзуд: “Ин маҷмӯаи варзишӣ яке аз бузургтарин тарҳҳои мо дар Қирғизистон аст ва метавонад боиси тақвияти дӯстиву ҳамоҳангӣ байни ду миллат шавад”.

Гуфтанист, дар соли 2011 бо кумаки як миллиондолларии Эрон барои сохти як маҷмӯаи варзишии навин дар Ӯш тавофуқномаи дуҷониба имзо шуд.

Ин маблағ ба сурати кумакҳазина таъмин шудаву маҷмӯаи варзишӣ ба унвони ҳадяе аз тарафи мардуми Эрон ба мардуми Қирғизистон эҳдо шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп