Мухолифати Толибон бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон
(last modified Wed, 06 Jan 2021 17:32:38 GMT )
Январ 06, 2021 22:32 Asia/Dushanbe
  • Тафовути асосии низоми Толибон бо низоми ҷумҳурӣ дар ин аст, ки низоми Толибон фардмеҳвар аст
    Тафовути асосии низоми Толибон бо низоми ҷумҳурӣ дар ин аст, ки низоми Толибон фардмеҳвар аст

Узви тими музокиракунандаи давлати Афғонистон дар Қатар гуфт: Толибон дар пайи эҷоди давлати муваққат нест ва низоми идеали онҳо бар пояи таъйини заъим (кафил, пешво) будаву фардмеҳварӣ аст.

Амини Аҳмадӣ дар бораи давлати муваққат ва мавозеи Толибон гуфт, тафовути асосии низоми Толибон бо низоми ҷумҳурӣ дар ин аст, ки низоми Толибон фардмеҳварӣ аст.

Узви тими музокиракунандаи давлати Афғонистон дар бораи дидгоҳи Толибон дар ин музокирот гуфт: Ҳамчунон Толибон бовар доранд, ки ҳуқуқи башар, ҳуқуқи асосӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи занон он гуна, ки дар қонуни асосӣ таъриф шудааст, аз чорчӯби Ислом хориҷ аст ва Толибон ме‌‌хоҳанд, ки ин маворид тавре бозтаъриф шавад, ки дар чорчӯби Исломи мавриди назари онҳо қарор бигирад.

Аҳмадӣ идома дод: Авлавияти ин тим дар музокира бо Толибон, тавофуқ бар сари таъмини оташбас аст, бинобарин дар бораи чигунагии низоми ҷумҳурият ё низоми ҷойгузини он, таърифи ҳуқуқу озоди‌‌ҳои асосии мардуми Афғонистон, ҷойгоҳи дини Ислом дар низом ва дар қонун‌гузориву ҳукумат‌‌дорӣ бояд дар фазое орому орӣ аз ҷангу хушунат миёни ду тараф баҳс шавад.

Вай дар ташреҳи низоми мавриди назари Толибон низ изҳор дошт, тасаввури асосии Толибон ин аст, ки асоси машрӯият аз заъомат (раҳбарӣ) шакл мегирад ва вақте ки заъим таъйин шуд, ҳукумати шаръӣ ва динӣ ба вуҷуд меояду тамоми ниҳодҳову аркони давлат аз заъомати шаръӣ машруияти худро касб мекунад.

 

Бештар бихонед: