Ҳамаи билетҳои ду парвози нахуст миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон фурӯхта шуд
Дафтарҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе эълом кардаанд, ки ҳамаи билетҳои ду парвози нахуст миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон фурӯхта шудаанд.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», кормандони ин дафтарҳо гуфтаанд, ки ҳамаи билетҳо дар парвози рӯзҳои 14 ва 21 март аз Алмаато ба Душанбе, ки ширкати ҳавопаймоии «Эйр – Остона» анҷом медиҳад, фурӯхта шудааст ва ҷойи холӣ вуҷуд надорад.
Ҳамчунин дар парвози баргашти ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Душанбе ба Алмаато низ ҳамаи билетҳо фурӯхта шудааст.
Бар асоси иттилоияи эъломшуда дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии «Эйр Остона» нархи билети мусофирони маъмулӣ (эконом-класс) аз 113 то 151 евро ва нархи билети тиҷорӣ аз 286 то 412 евро таъйин шудааст.
Аммо дар парвози баргашт аз Душанбе ин шохис барои мусофирони маъмулӣ 3 ҳазору 500 сомонӣ ва мусофирони вижа ё тиҷорӣ 8 ҳазору 500 сомонӣ муқарар шудааст.
Бо ин ҳол ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ҳанӯз ҷадвали парвозҳои худ ба Қазоқистонро мунташир накардааст.
Икром Субҳонзода, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон 5 рӯз қабл гуфта буд, ки бо беҳбуди авзои коронаӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик парвози ҳавопаймоҳо ба самти Афғонистон ва Қазоқистон барқарор мешавад.
Ба гуфтаи вай, ширкатҳои «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «Эйр Остона»-и Қазоқистон ҳар ҳафта як парвози рафту баргашт ба пойтахтҳои ду кишвар анҷом хоҳанд дод.
Бештар бихонед:
- Бозгардондани 182 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон бо парвози вижа
- Парвози вижа аз Алмаато ба мақсади Душанбе