Март 30, 2021 15:06 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон аз гурӯҳи Толибон ба далели густариши хушунатҳо ва ба бунбаст кашондани раванди сулҳи Афғонистон интиқод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Ашраф Ғанӣ рӯзи сешанбе дар нишасти Қалби Осиё - раванди Истамбул дар шаҳри Душанбе; пойтахт Тоҷикистон гуфт, ҳукумат ва мардуми Афғонистон хоҳони сулҳи пойдоранд; лизо ниёз аст барои расидан ба тавофуқи сулҳ, хушунатҳо дар кишвар коҳиш ёфта ва оташбас барқарор шавад. 

 Раиси Ҷумҳурӣ бори дигар бар интиқоли қудрат аз тариқи интихобот таъкид кард ва аз созмонҳои ҷаҳонӣ хост то бо назорат бар раванди интихобот сабаби интиқоли қудрат аз тариқи интихобот шаффоф шаванд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин нишаст гуфт, ки ҷанги Афғонистон, масъалаи ҷаҳонӣ аст ва ҷаҳон бояд дар шароити кунунӣ Афғонистонро танҳо нагузорад.

Нуҳумин нишасти Қалби Осиё – раванди Истамбул, дар Душанбе  пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ҳудуди 50 кишвар ва созмони байналмилалӣ баргузор шуда ва меҳвари аслии онро раванди сулҳи Афғонистон ташкил медиҳад. 

Ин нишаст, пеш аз баргузории нишасти муҳимими дигаре дар Истамбули Туркия баргузор мешавад ва аз нигоҳи соҳибназарон, нақши муҳимме дар тақвияти иҷмоъи минтақавӣ дар бораи раванди сулҳи Афғонистон дорад.

Суханони Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф  Ғанӣ дар иҷлоси Қалби Осиё мавҷуд аст . 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп