Март 30, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Амният ва ҳамкории минтақаӣ - меҳвари ройзаниҳо ва суханони Зариф дар нишасти “Қалби Осиё”

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузур дар нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё” дар пойтахти Тоҷикистон ва дар дидорҳои ҳошияии ин иҷлос дидгоҳҳои Эронро дар бораи сулҳу амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ ташреҳ кард.

Баррасии охирин вазъияти сиёсии Афғонистон ва роҳҳои мушорикати фаъол дар раванди барқарории сулҳи Афғонистон аз дигар меҳварҳои гуфтугӯҳо ва дидорҳои Зариф дар Душанбе буд.

Ҷангу ноамнӣ таъстроте фарогир бар минтақа дорад, ба ҳамин далел ҳамаи кишварҳои таъсиргузор дар ҳифзи амният бояд нақши худро дар ин замина ифо кунанд.

Таҳаққуқи ин ҳадаф ба ду гоми муҳим ниёз дорад:

Гоми нахуст: шинохт ва дарки муштарак аз илали ноамниҳое ҳамчун терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷангафрӯзиҳо дар минтақа аст.

Таҷриба нишон медиҳад, яке аз далоили бесуботӣ дар минтақа мудохилоти мухарриби бегонагон аст ва Афғонистон як намуна аз ин мудохилот аст. Бинобар ин бояд заминаву баҳонаҳои мудохилаҷӯиро аз миён бурд.

Гоми дувум: мушорикат ва ҳамгароиву ҳимояти минтақаӣ аз роҳкорҳову ибтикорот барои таъмини сулҳ ва амнияти ҷамъӣ дар минтақа аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Тоҷикистони дар дидор бо Кайрат Сорибой, дабири иҷроии конфронси таомул ва иқдомоти эътимодсоз дар Осиё (СИКА) бар ҳамин нукта таъкид кард ва бо ишора ба поёни давраи такқутбӣ ва ғарбсолорӣ дар низоми байналмилал, аҳамияти Осиё ва кишварҳои минтақа дар муодилоти ҷории равобити байналмилалро хотирнишон кард.

Он чӣ мусаллам аст, амнияти пойдор дар минтақа аз тариқи маҷмӯаҳои амниятии воридотӣ ва вобаста ба бегонагон муҳаққақ намешавад. Амният бояд бо ҳамкорӣ ва ҳамгароии минтақаӣ таъмин шавад. Афғонистон дар ин бурҳа ба чунин ҳимояте ниёз дорад.

Таҷрибаи наздик ба ду даҳа ҳузуру мудохилаи низомии Амрико дар минтақа нишон медиҳад, ки ҳадафи Амрико эҷоди амният ва ё решакан кардани терроризм дар минтақа набудааст. Амрико бо ҳимоят аз ДИИШ ва террористҳои такфирӣ, моҳияти зиддиамниятии худро дар Ғарби Осиё ошкор кардааст. Амрико дар воқеъ сабабгори низоъҳо ва буҳронҳову ҷангҳое аст, ки дар чанд даҳаи ахир бар Ғарби Осиё таҳмил шуд.

Самуэл Ҳантингтон, назарияпардоз ва таҳлилгари барҷастаи сиёсӣ ин воқеиятро дар мақолае дар нашрияи Форейн Аффайрз” баён карда мегӯяд: Аз назари бештари мардуми ҷаҳон Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли табдил шудан ба як абарқудрати худсар ва танҳо таҳдиди хориҷии бузург нисбат ба ҷавомеи онҳост.

Таъсироти ноамниҳо дар Афғонистонро имрӯз ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон, Покистон, Ҳинд, Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳис мекунанд.

Изҳороти Зариф дар Душанбе дар воқеъ ишора ба таҳдидҳое аст, ки бар асари сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи бегонагон дар минтақа ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, Эрон ҳамчунон ба талошҳои худ барои кумак ба мардуму давлати Афғонистон идома медиҳад ва дар арсаи музокирот барои сулҳ низ омодаи ҳамкорӣ бо тамомии тарафҳое аст, ки ба дунболи дастёбӣ ба ин ҳадаф ҳастанд. Сиёсати ҷумҳурии исломӣ дар қиболи музокироти сулҳ мубтанӣ бар роҳи ҳалле аст, ки тамоми гурӯҳҳои дохилӣ дар Афғонистон дар раванди солиму мубтанӣ бар раъйи мардум дар қудрат саҳим шаванд.

Созмони Милал борҳо аз талошҳои Эрон дар кумак ба Афғонистон қадрдонӣ кардааст.

Бо тавваҷуҳ ба ин руйкардҳо, ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар иҷлоси “Қалби Осиё” дар Душанбе ва ироаи роҳкорҳои муассир дар ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳу амният дар Ғарби Осиёро метавон тасвире шаффоф аз чандҷонибагароӣ, тақвияти равобити минтақаӣ ва таомули ҷамъӣ арзёбӣ кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп