Март 31, 2021 10:07 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани Абумуҳаммади Тоҷикӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон
    Кушта шудани Абумуҳаммади Тоҷикӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон

Идораи амнияти миллии Афғонистон аз кушта шудани Давлатбеки Тоҷикӣ мулаққаб ба Абумуҳаммадди Тоҷикӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон дар пайи амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки Абӯммуҳаммади Тоҷикӣ яке аз фармондеҳони аршади шабакаи ал-Қоида буд, ки ба ҳамроҳи Ҳамза  Муҳоҷир табаъаи покистонӣ ва аз фармондеҳони гурӯҳи Толибон дар ин амалиёт кушта шудаанд. 

Бо ин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид ибрози назар накардаанд ва мушаххас нест, ки Абумуҳаммади Тоҷикӣ воқеан ҳам табаъаи ин кишвар аст ва ё танҳо мулаққаб ба тоҷикӣ мебошад. 

Дар баёнияи идораи амнияти миллии Афғонистон таъкид шудааст, ки ин ду фармондеҳ аз афроди бисёр хатарнок буданд, ки дар як  амалиёти террористӣ дар дохили Афғонистон даст доштаанд.

Ин мақомот муддаӣ ҳастанд, ки теъдоде аз атбоъи Тоҷикистон ба ҳамроҳи гурӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва дар наздикии марзи Тоҷикистон мустақар мебошанд. 

 Теъдоди кулли ҷангҷуёни хориҷӣ аз ҷумла, тоҷикҳо, узбакҳо, уйғурҳои ҷудоиталаби Чин ва қафқозтаборҳо аз Русия дар шимоли Афғонистон наздик ба 450 нафар унвон мешавад.  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп