Апрел 05, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои кишварҳои туркзабон нишастҳои худро бо забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мекунад
    Шӯрои кишварҳои туркзабон нишастҳои худро бо забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мекунад

Дар шароите, ки нишастҳои ба истилоҳ кишварҳои туркзабон ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ таъкид мекунанд, Узбакистон ҳамкориҳои транзитиро ҳамчун як самти асосии ҳамкориҳои ду кишвар муайян кардааст.

 Дар ҳамин иртибот, Раиси Ҷумҳурии Узбекистон "Шавкат Мирзиёев" дар нишасти ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд - эълом кард: афзоиши потенсиали ҳамлу нақли минтақа, аз аҳамияти роҳбурдии зиёде бархурдор аст. 

Раиси Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчунин тасреҳ кард: Тавсеаи каридорҳои ҳамлу нақлӣ дар тӯли  масирҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калони муштарак оид ба бунёди инфрасохтори логистикӣ ба манфиати мо комилан мувофиқанд.  
 

  
Изҳороти Раиси Ҷумҳурии Узбекистон аз аҳамияти зиёде барои идомаи ҳамкориҳои ба истилоҳ кишварҳои туркзабон бархурдор аст. Ин изҳорот нишон медиҳад, ки Узбекистон ба унвони кишваре, ки дар солҳои гузашта ҳамвора ба нишасти шӯрои ба истилоҳи кишварҳои туркзабон нигоҳи бадбинонае доштааст, ба ҷои тан додан ба хостаҳои фарҳангӣ ва сиёсии бархе аз кишварҳои узви ин шӯро, дар садади касби манофеъ аз ин шӯро аст . Дар ҳақиқат, Узбекистон дар садади баҳрабардорӣ ва табдили узвият дар ин шӯро ба фурсатҳост. Дар ҳоле, ки бархе давлатҳо бавижа Туркия токунун мавозиъу аҳдофи дигаре аз ҳамкориҳо дар чорчӯби ин шӯро доштааст. Бо вуҷуди он чӣ ки талошҳои Туркия ва бархе аз дигар аъзоии шӯрои ҳамкории кишварҳои ба истилоҳ туркзабон хонда мешавад, аъзои ин шӯро дар заминаи ҳифзи сулҳу таҳкими амният дар минтақа ва ҷаҳон муваффақиятҳои қобили мулоҳизае ба даст наёвардаанд. Ҳузури машкуки Туркия дар даргириҳои Сурия ва Либиё сирфан "шаку тардиди ҷумҳуриҳои Осиёи марказиро нисбат ба тарҳи ҳамгаройии туркӣ ташдид кардааст. Дар воқеъ, ин ҳақиқат бавижа пас аз пешниҳоди ахири раиси ҷумҳурии Узбекистон мушаххас шудааст, ки кишварҳои Осиёи марказӣ қасд надоранд барои ҳифзи манофеъи Туркия бо бозикунони минтақавӣ ва байналмилалии назири Русия, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ муқобила кунанд.

 

 Дар ҳамин иртибот, " Ҳусейн Асубалиев " коршиноси масоили Осиёи марказӣ ва Қафқоз гуфтааст: " Туркия талошҳое бо ҳадафи тақвияти ҷойгоҳи худ дар Осиёи марказӣ дунбол мекунад ва ба таври фаъол бо кишварҳои минтақа саъй мекунад ва доираи васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои минтақа  мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор медиҳад, аммо ин талошҳо дар амал натоиҷи мавриди назари мақомҳои Анкараро муҳаққиқ накардааст ". 

Ногуфта намонад, ки шӯроии ҳамкорӣ ба истилоҳ кишварҳои " туркзабон " аз замони таъсис токунун нишон додааст, ки қодир нест аз забони туркӣ ба унвони забони муштарак барои баргузории нишастҳои худ истифода кунад!  Дар  канори Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон низ дар ин шӯро узвият доранд ва Узбекистон низ пас аз фарозу нишебҳои фаровон, саранҷом дар соли 2019 милодӣ ба ин шӯро пайваст. 
  

  
Шӯрои кишварҳои ба истилоҳ туркзабон нишастҳои худро ба забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мекунад. Бархе аз кишварҳои узви ин шӯро назири Қазоқистону Қирғизистон аз забони рӯсӣ ба унвони забони аслӣ истифода мекунанд. Дарҳақиқат, ҳамгаройии дар атрофи меҳвари " забони муштараки туркӣ " бинобар далоили мухталиф, аз ҷумла гуногунии забони туркӣ ва парокандагии ҷуғрофиёӣ, як рӯъёи парешон талаққӣ мешавад. Дар айни ҳол, иттиҳоди туркӣ - ки ин шӯро муддаии он аст - амре хаёлӣ ва руъёист, ки ҳаргиз имкони таҳаққуқ надорад ва сирфан " Туркия ба дунболи он аст. Ин дар ҳолест, ки миёни аъзои ин шӯро ихтилофҳо ва кинаҳои қавмии ҷиддӣ вуҷуд дорад. Туркманистон ба унвони кишвари бархурдор аз яке аз аслитарин забонҳои туркӣ низ ба иллати напазируфтани нақши Туркия ба унвони бародари бузургтар ва пайраве аз идеяи туркгароӣ токунун ҳозир ба узвият дар ин шӯро нашудааст. Дарвоқеъ, Туркманистон бо таъкид бар "насионализми туркманӣ " аз узвият дар ин шӯро худдорӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, бояд гуфт изҳороти раиси ҷумҳурии Узбекистон, ки аз ҳамоитҳои дигар кишварҳои Осиёи марказӣ низ бархурдор аст нишон медиҳад. ки ин кишвар ва дигар давлатҳои ин минтақа  дар садади таъмини манофеъи худ дар чорчӯби шӯрои ҳамкории кишварҳои ба истилоҳ туркзабон ҳастанд. Дар ҳақиқат ниёзи имрӯзи ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, танаввуи бахше ба масирҳои транзитӣ бо кумаки сармоягузориҳои хориҷӣ аст. Мақомҳои Узбекистон интизор доранд ҳадафи танаввуъбахшӣ ба масирҳои транзитӣ бо кумаки кишварҳои узви ин шӯро  муҳаққиқ  гардад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп