Зӯргирӣ аз бозаргонони тоҷик дар Қирғизистон
(last modified Wed, 12 May 2021 13:38:51 GMT )
Май 12, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Ахиран фишор бар мусофирону бозаргонони тоҷик дар Қирғизистон ташдид шудааст
    Ахиран фишор бар мусофирону бозаргонони тоҷик дар Қирғизистон ташдид шудааст

Бозаргонони тоҷики фаъол дар воридоти либосу порча аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз зӯргирии афроди ношинос шикоят кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, 25 нафар аз бозаргонони тоҷик, ки бештар аз бозори умдаи фурӯшии мавсӯм ба "Дордой" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Тоҷикистон либосу порча ворид мекунанд бо муроҷиа ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек эълом кардаанд, ки афроди ношинос дар либоси полис гузарномаҳои ононро ба зӯр гирифта ва ононро ба пардохти 120 доллар дар баробари бозгардондани мадорикашон водор кардаанд.

Ба гуфтаи бозаргонони шокӣ, зӯргирон далели ин иқдоми худро ҷамъоварии кумак барои осебдидагони даргирии марзии рӯзи 29 апрел дар ноҳияи Ботканд эълом кардаанд.

Дар ин рӯйдод теъдоде, аз бозаргонони тоҷик маҷбӯр шудаанд бо пардохти 120 доллар гузарномаҳои худро бозпас гиранду бақия низ бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Бишкек бидуни пардохти маблағ муваффақ ба дарёфти мадорики худ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки пас аз даргирии марзии рӯзи 29 апрели миёни Тоҷикистону Қирғизистон, фишор бар мусофирону бозаргонони тоҷик дар Қирғизистон ташдид шудааст, мавзӯе, ки мақомоти расмӣ дар Бишкек онро рад мекунанд.

 

 Бештар бихонед: