Июн 22, 2021 19:23 Asia/Dushanbe
  • Шерхон -Бандар ба дасти Толибон афтод

Мақомоти маҳаллии Хатлон гуфтанд, авзоъ дар ноҳияи марзии Шерхон Бандар байни Тоҷикистон ва Афғонистон ором аст.

Ба гузориши Азия Плюс, пас пахши гузоришҳое дар бораи суқӯти Шерхон Бандар, муҳимтарин гузаргоҳи марзии тиҷорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ба дасти гурӯҳи Толибон, мақомоти маҳаллӣ дар Хатлон авзоъи марзиро ором эълом карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, "Толибон" чанд соат пеш Шерхон Бандарро суқут додаанд ва бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба дасти "Толибон" таслим шуда ва бархеи дигар аз ин неруҳои давлатӣ ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Гуфта мешавад, дар миёни паноҳовардаҳои ҷониби Афғонистон бархе аз мақомдорони маҳаллӣ низ ҳастанд.

Ба гуфтаи манбаъ, раёсати гумруки Шерхон-Бандар бидуни даргирӣ ба дасти "Толибон" афтодааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари мақомоти Тоҷикистон то замони нашри ин хабар натиҷа надод.

Ин гузаргоҳ дар нуқтаи марзӣ, миёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон ҷойгир аст. Худи вулусволии Имом Соҳиб, дирӯз ба дасти "Толибон" суқут карда буд.

Ба гуфтаи Аҷмал Кокар дар ҳоли ҳозир тамоми рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи тиҷоративу гумрукӣ қатъ шудааст ва ҷангҳо дар давру бари шаҳри Кундуз идома дорад ва ин шаҳр дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дорад.

Тоҷикистон 1400 километри марз бо Афғонистон дорад. Роҳи аслии иттисоли Тоҷикистон бо Афғонистон, Шерхон Бандар (дар самти Афғонистон) ва Панҷи Поён (дар самти Тоҷикистон)аст.

 

Барчасп