Июл 03, 2021 09:26 Asia/Dushanbe
  • Вилояти Ҳирот ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа бо 830 боқимондаҳои таърихӣ шинохта шудааст
    Вилояти Ҳирот ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа бо 830 боқимондаҳои таърихӣ шинохта шудааст

Шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон сабт мешавад.

Ба гузориши шабакаи хабарии Тулӯъ нюз сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг Афғонистон гуфт, ки Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО ) дархости давлати Ашраф Ғанӣ барои сабти шаҳри Ҳирот дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳонро пазируфтааст.

 

Тоҳир Зоҳир илова кард, ЮНЕСКО 30 ҳазор  доллар ба давлат Афғонистон додааст то дар гирдоварии иттилоот дар бораи меросҳои фарҳангии Ҳирот ҳазина кунад.

 

Ин иттилоот дар воқеъ шоистагии шаҳри Ҳиротро ҳамчун бахше аз мероси боарзиш барои сабт дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон,таъйид хоҳад кард.

Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон бо 830 бозмондаи торихӣ аз бостонитарин шаҳрҳои минтақа шинохта мешавад. Шаш моҳ пеш ҳукумати Афғонистон муаррифии номае аз шаҳри торихии Ҳирот барои сабти ин шаҳр дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон ба ЮНЕСКО фиристод.

Шаҳри Ҳирот бо доштани бозмондаҳои торихии бисёр, ба вижа аз давраи исломӣ, ҳамеша яке аз мақсадҳои аслии гардишгарони хориҷӣ дар Афғонистон будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп