Афзоиши кумакҳои низомии Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо таҳдидҳо
Раиси ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом кард: Маскав барои дафъи таҳдидоти эҳтимолии террористӣ фуруши силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш додааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Валерий Грасимов-раиси Ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз афзоиши арзаи силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод .
Бинобар суханони вай Русия арзаи силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказиро барои дафъи таҳдидоти эҳтимолии террористӣ афзоиш додааст.
Вай афзуд : Ҳамчунин бо ҳадафи вокуниш ба ташдиди авзоъ дар минтақа ва тамрини иқдомоти дафъи таҳдидоти террористӣ баргузории чандин размоиши муштараки низомӣ дар қаламрави Узбекистону Тоҷикистон барномарезӣ шудааст .
Грасимов тасреҳ кард : Фуруши таслеҳоти изофӣ таҷҳизоту адавоти низомӣ дар чорчуби кумакҳои низомиву фаннӣ созмондеҳӣ шудааст .
Вай ҳамчунин гуфт : Русия барои беҳбуди нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон кумакҳои равиши шинохтии ироа ва ҳамчунин дар донишгоҳҳои худ хидматчии ҳарбӣ омода мекунад .
Дар ҳамин росто размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистону Узбекистон дар Ҳарбмайдони вилояти Хатлони Тоҷикистон дар 20 километрии марз бо Афғонистон оғоз ва то 10 август идома хоҳад кард .
Дар ин размоиши муштараки низомӣ тавоноии размии нерӯҳои мусаллаҳ таҷриба истифодаи беҳина аз нерӯҳои озмоишӣ ва рӯйкардҳои муштарак барои анҷоми амалиёти низомӣ тадвин мешаванд,