Афзоиши кумакҳои низомии Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо таҳдидҳо
(last modified 2021-08-09T05:06:34+00:00 )
Август 09, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кумакҳои низомии Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо таҳдидҳо

Раиси ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом кард: Маскав барои дафъи таҳдидоти эҳтимолии террористӣ фуруши силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Валерий Грасимов-раиси Ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз афзоиши арзаи силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод .

Бинобар суханони вай  Русия арзаи силоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказиро барои дафъи таҳдидоти эҳтимолии террористӣ афзоиш додааст.
Вай афзуд : Ҳамчунин бо ҳадафи вокуниш ба ташдиди авзоъ дар минтақа ва тамрини иқдомоти дафъи таҳдидоти террористӣ  баргузории чандин размоиши муштараки низомӣ дар қаламрави Узбекистону Тоҷикистон барномарезӣ шудааст .
Грасимов тасреҳ кард : Фуруши таслеҳоти изофӣ  таҷҳизоту адавоти низомӣ дар чорчуби кумакҳои низомиву фаннӣ созмондеҳӣ шудааст .
Вай ҳамчунин гуфт : Русия барои беҳбуди нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон кумакҳои равиши шинохтии ироа ва ҳамчунин дар донишгоҳҳои худ хидматчии ҳарбӣ омода мекунад .

Дар ҳамин росто размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистону Узбекистон дар  Ҳарбмайдони вилояти Хатлони Тоҷикистон дар 20 километрии марз бо Афғонистон оғоз ва то 10 август идома хоҳад кард .
Дар ин размоиши муштараки низомӣ тавоноии размии нерӯҳои мусаллаҳ таҷриба  истифодаи беҳина аз нерӯҳои озмоишӣ ва рӯйкардҳои муштарак барои анҷоми амалиёти низомӣ тадвин мешаванд,

 

Барчасп