Коҳиши хороҷоти транзити коло бо тақвияти равобити кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон
(last modified Mon, 09 Aug 2021 09:40:20 GMT )
Август 09, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши хороҷоти транзити коло бо тақвияти равобити кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон

Беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Туркманистон мӯҷиби коҳиши хароҷоти интиқоли коло байни ду кишвар хоҳад шуд .

Бо имзои 19 санади ҳамкорӣ миёни мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳошияи иҷлоси машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон интизор меравад мушкили маҳдудияти тараддуди мошинҳои боркаши тоҷикистонӣ ҳал шавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз сомонаи Топтҷ, ҳамчунин бар асоси тафоҳумномаҳои имзошуда қарор аст Тоҷикистон 50 ҳазор тон сӯхти ҳавопаймо аз Туркманистон ворид кунад ва таърифаҳои гумрукии роҳи оҳан ва масирҳои заминӣ барои ҳамли маҳсӯлот низ дар Туркманистон коҳиш ёбад .
Мақомоти ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон муътақиданд, ки бо бардошта шудани маҳдӯдияти тараддуди мошинҳо дар Туркманистон, ки аз соли 2020 ҷорӣ шудааст, ҳазинаи ҳамлу интиқоли коло ҳудуди 2 ҳазор доллар барои ҳар худрав коҳиш меёбад, ки ин коҳиш таъсири зиёде бар суботи нархҳои тамомшуда дар замони фурӯши маҳсӯлот мегузорад .



Бештар бихонед :