Ашраф Ғанӣ: Қавл медаҳам аз афзоиши хушунат ҷилавгирӣ шавад
(last modified 2021-08-14T12:19:23+00:00 )
Август 14, 2021 17:19 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Қавл медаҳам аз афзоиши хушунат ҷилавгирӣ шавад

Дар пайи шиддат ёфтани даргирӣ байни нерӯҳои амниятии афғону Толибон ва тасарруфи вилоёти бештар тавассути ин гурӯҳ, раисиҷумҳурии Афғонистон қавл дод, ки аз хушунати бештар дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон (Ово), Ашраф Ғанӣ имрӯз (шанбе) дар паёми видеоӣ гуфт, ки ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон тамаркузаш бар ин аст то аз густариши бештари бесаботӣ ва хушунат ҷилавгирӣ кунад.
Ғанӣ афзуд: «Ба унвони як рисолати таърихӣ талош мекунам то нагузорам ҷанги таҳмил шуда бар мардуми Афғонистон бештар аз ин боиси куштори мардуми бегуноҳ, аз даст рафтани дастовардҳои 20 солаи шумо, тахриби таъсисоти омма ва бесуботӣ давомдор шавад.»
Раисиҷумҳури Афғонистон таъкид карда, ки ба ҳамин хотир машваратҳои густардаро дар дохили давлат ва бо бузургону чеҳраҳои сиёсӣ, намояндагони ақшори мухталифи мардуму ҳамкорони байналмилалии Афғонистон оғоз кардааст.

Ашраф Ғанӣ иттилооти бештаре ироа накард, аммо гуфт, ки машваратҳо дар ин хусӯс ба суръат ҷараён дорад.
Раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин, дар бахше аз паёмаш афзуд, дар вазъияти кунунӣ, инсиҷоми нерӯҳои амниятӣ ва дифо авлавияти ҳукумат буда ва дар ин маврид иқдомоти ҷиддӣ дар даст гирифта шудааст.
Толибон дар моҳҳои ахир ба ҳамалоташ дар Афғонистон шиддат бахшида ва дар беш аз се моҳи гузашта, наздик ба 200 шаҳристон ба дасти ин гурӯҳ суқӯт кардааст. Ҳамчунин Толибон дар ҳашт рӯзи гузашта, марокизи 18 вилоятро дар ихтиёр гирифтааст.


Бештар бихонед:
Шарти Ашраф Ғанӣ барои каноргирӣ аз қудрат
Ашраф Ғанӣ: Ваҳдати шиа ва суннӣ дар Афғонистон бесобиқа аст
Ашраф Ғанӣ: Музокироти сулҳ ба як гурӯҳи мутаҷовиз машруият бахшид

 

Барчасп