Август 15, 2021 10:07 Asia/Dushanbe

Волии собиқи Балх ва узви баландпояи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон хабари фирор ба Узбекистонро ба ҳамроҳи раиси Ҷумбиши миллӣ - исломии Афғонистон таъйид кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,  Атомуҳаммади Нур, аз мақомоти Афғонистон шанбешаб эълом кард,ки нерӯҳои таҳти амри вай ва маршал Дустум ба ҳамроҳи таҷҳизоту силоҳҳои худ ба марзи Ҳайратон, дар Узбекистон рафтаанд .
Ин дар ҳолест, ки Абдуррашид Дустум-раиси Ҷумбиши миллӣ - исломии Афғонистон дар клипи ведиоӣ гуфта буд,ки вай ва нерӯҳои таҳти амраш ба Толибон иҷозаи вуруд ба шаҳрҳои калидии шимоли Афғонистонро намедиҳанд .
Гурӯҳи Толибон дар рӯзҳои ахир бо ташдиди ҳамалот ба манотиқи мухталифи Афғонистон ва зидди нерӯҳои давлатӣ, манотиқи васеъӣ аз ин кишварро тасарруф кардааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп