Сафари раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллал ба Узбекистон
(last modified 2021-09-12T04:49:39+00:00 )
Сентябр 12, 2021 09:49 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллал ба Узбекистон

Годо Вили-муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллали Муттаҳид ба Узбекистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар мавриди ин сафар дар шаҳри  Вена  дар чорчуби музокироти вай бо Танзила Норбоева-раиси маҷлиси Сенати Узбекистон тавофуқ шуд .
Мавзӯи аслии ин музокирот ҳамкорӣ дар заминаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта аст .
Барномарезӣ шуда,ки дар сафари муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллали Муттаҳид ба Узбекистон барномаи ҷадиди дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022 - 2025 низ имзо мешавад .
Ин барнома афзоиши тавонмандии созмонҳои интизомиро дар расидагӣ ба тахаллуфот дар заминаи қочоқи инсон, муқобила бо фасод ва ҳамчунин пешгирӣ аз нашъамандӣ дар чорчуби маросимҳои таҳкими арзишҳои хонаводагӣ фароҳам мекунад .

  • Вили гуфт : Намояндагии минтақаии дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Тошканд-  бузургтарин дафтари хориҷии созмон аст ва ин аз аҳамияти ҳамкориҳои мо бо Узбекистон гувоҳӣ медиҳад.
  • Вай аз гомҳои қотеъи мақомоти Узбекистон дар мубориза бо фасод, решакун шудани кори кӯдак ва кори иҷборӣ ва ҳамчунин муқобила бо қочоқи инсон истиқбол кард .
  • Раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллали Муттаҳид ибтикороти Узбекистон дар ҳамкориҳои байнисозмонии фаромарзӣ дар таъмини амнияти минтақаӣ бо тавваҷуҳ ба авзоъи Афғонистонро бисёр муҳим донист .

 


Бештар бихонед :

 

Барчасп