Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд
(last modified 2021-09-16T10:32:52+00:00 )
Сентябр 16, 2021 15:32 Asia/Dushanbe
  • Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд

Толибон" мегӯяд, пули нақди дарёфтшуда аз мақомоти ҳукумати собиқ, ки ба беш аз 12 миллион доллар мерасад.

Бино ба гузориши "Радиои тоҷикии Садои Хуросон", ки аз ҷониби Sputnik иқтибос оварда шудааст،Бонки марказии Афғонистон аз тариқии саҳифаи фейсбукии худ эълом кардааст, ахиран миқдори зиёди пули нақд, ки аз манзили Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини ин кишвар ва бархе аз мансабдорони баландпояи дигари ин ҳукумат дарёфт шуда буд, тавасути масъулин ба Бонки марказии Афғонистон таҳвил ёфтааст, иттилоъ додааст 
Дар маҷмӯъ ин маблағҳо (12368246) дувоздаҳ миллиону сесаду шасту ҳашт ҳазору дусаду чилу шаш доллар ва чанд хишти тиллоро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онҳо аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ кашф шудааст.
"Толибон" ҳангоми супоридани пул ва тилло ба хазинаи Бонки марказии Афғонистон изҳор доштанд, ки ба шаффофият дар ҳама соҳаҳо содиқанд ва аз ин рӯ пулҳои дарёфтшуда аз мансабдорони собиқи ҳукуматро ба хазинаи бонк супурдаанд.

Маблағҳои дарёфтшуда марбут ба мансабдорони баландпояи ҳукумати пешин, чун Амруллоҳ Солеҳ ва теъдоде аз идороти марбут ба амнияти миллӣ гуфта шудаанд, ки ба гунаи пули нақд ва тилло дар хонаҳо нигоҳдорӣ мешудаанд, аммо то кунун мушаххас нест, ки мақомоти ҳукумати пешин ин миқдор пул ва тиллоро чӣ гуна ва ба кадом мақсад нигоҳдорӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҳол Амруллоҳ Солеҳ ин ахбори нашршуда аз ҷониби Толибонро такзиб кардааст.

Барчасп