Нархи "ОшиПлов" боло рафт
Дар шаҳри Тошканду се вилояти калони Узбекистон моҳи сентябри имсол нархи як табоқ ошиПлов назар ба моҳи август боло рафтааст.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،ва баИдораи омори давлатии Узбекистон гуфт, ки дар шаҳри Тошканд дар муқоиса бо моҳи август дар паи афзоиши нархҳо арзиши оши Плов 5,4% афзудааст. Дар вилояти Қашқадарё болоравӣ 2,5%, дар вилояти Тошканд 1,8% ва дар Хоразм 3,3 дарсадро ташкил додааст.
моҳи сентябр арзонтарин табоқи оши палавро дар Намангон хӯрдан мумкин буд. Ин ҷо бар ивази як табоқ ош беш аз 14 ҳазор сӯм ё муодили 1,4 доллар пул талаб мекарданд. Як килограмм оши Пловв дар Намангон 9,6 доллар буд.
Дар Тошканд нархи палав қиматтар аз дигар ҷойҳо буда, барои як табақ 2,3 доллар ё барои як килограмм ош 16 доллар талаб мекарданд.
Дар Узбекистон аз соли гузашта ба ин сӯ қоидаи ҳисоби нархи оши Пловв ё таҳияи индекси палав роҳандозӣ шудааст. Мақомоти омори Узбекистон гуфтанд, ки дар бархе кишварҳо вобаста ба ғизои асосиву маъмули сокинони маҳаллӣ – мисли Big Mac Index ваё Olive Index вуҷуд дорад, ки аз рӯи он сатҳи таваррумро дар сатҳи мардумӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Оши палав ғизои маъмул ва асосии мардуми Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва онро дар ҳама маъракаҳои шодиву ғам таҳия мекунанд.
Арзиши таҳияи он бо ҳисоби маҳсулоти асосии он – биринҷ, равғани растанӣ ва сабзӣ ҳисоб карда мешавад.
Тобистони соли ҷорӣ Тоҷикистон ва аксар кишварҳои ОМ аз 700 баробар гарон шудани нархи сабзӣ нигаронӣ карда гуфтанд, ки ин ҳолат ба нархи оши Пловви ҳар хонадон таъсиргузор шуд.
Дар Тоҷикистон сохторҳои давлатӣ шохис ё индекси оши палав барпо намекунанд, вале чунин ҳисоб дар хонаводаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, чун болоравии қимати ғизо яке аз дардноктарин масъалаҳо барои хонаводаҳое ба шумор меравад, ки бо даромади кам зиндагӣ мекунанд.
Ба мушоҳидаи хабарнигорони агар моҳи апрели имсол нархи як табоқ оши Пловв дар ошхонаи маъмулии шаҳри Душанбе 20-22 сомонӣ ё муодили 2 доллар арзиш дошт, дар моҳи сентябр то 27-33 сомонӣ ё 2,4 доллар афзуд.
Болоравии нархи оши палавро ҳам ба афзоиши маҳсулоти он ва ҳам гарон шудани нархи газу бензин рабт медиҳанд.
Дар рӯзҳои охири моҳи сентябр дар бозорҳои Душанбе нархи миёнаи як кило биринҷи ош, вобаста ба навъаш 12-18 сомонӣ, 1 литр равғани офтобпараст – 25 сомонӣ ва як кило сабзӣ 3,3 сомониро ташкил медиҳад.
Оши Плов ғизои маҳбуби мардуми маҳаллӣ ба шумор меравад ва бо талошҳои мақомот, соли 2016 идораи илму фарҳанги СММ оши палавро шомили феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ кард.