Октябр 04, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори маргбор дар наздикии масҷиди Идгоҳи Кобул

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки дар инфиҷор 3 октябр дар наздикии масҷиде дар Кобул дастикам 12 нафар кушта шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алҷазира, дар ин ҳамла 32 нафар низ захмӣ шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯӣ Толибон мегуяд,ки асри якшанбеи 3 октябр бомбе дар наздикии дарвозаи масҷиди Идгоҳи Кобул дар миёни таҷаммуъи ғайринизомиён мунфаҷир шуд .
Дар ин масҷид  маросими хатми модари сухангӯи Толибон баргузор мешуд.

Дар мавриди ҳувияти қурбониён хабаре эълом нашудааст .
Масъулияти ин инфиҷорро ҳам фард ва ё гуруҳе ба ӯҳда нагирифтааст .Ин дуюмин ҳамлаи маргбор пас аз тасаллути Толибон бар Кобул аст .
Нахустин инфиҷор дар ҳафтаи дувуми тасаллути Толибон бар Кобул дар наздикии фурудгоҳи Кобул рух дод, ки ҷони ҳудуди 200 ғайринизомии афғон ва 13 низомии Амрикоиро гирифт .
ДИИШ масъулияти он ҳамларо бар уҳда гирифт.

 

Барчасп