Ҷон бохтани ҳашт кӯдаки афғон бар асари гуруснагӣ дар Кобул
(last modified Mon, 25 Oct 2021 12:20:13 GMT )
Октябр 25, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани ҳашт кӯдаки афғон бар асари гуруснагӣ дар Кобул

Ҳашт кӯдаки афғон бар асари гуруснагӣ дар шаҳри Кобул ( пойтахти Афғонистон ) ҷон бохтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, манобеи мардумӣ дар шаҳри Кобул таъид карданд ин ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дар як хона дар минтақаи ҳавзаи сездаҳуми ғарби шаҳри Кобул ҷон бохтанд .
Маҳмадалии Раҳимии Бомиёнӣ аз уламои динии ғарби шаҳри Кобул гуфт : Ҳамаи ин ҳашт кӯдак узви як хонавода буданд ва ба дунболи фавти падару модарашон, ҷон бохтанд .
Қабл аз ин низ созмонҳои байналмилалӣ  ҳуқуқи башарӣ ҳамвора аз вуқуъи қаҳтӣ ва камбуди шадиди маводи ғизоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд .
Ҳамакнун ниме аз ҷамъияти сию панҷ миллионии Афғонистон ба маводи ғизоӣ ниёзи фаврӣ доранд .
Муҳаммади Муҳаққиқ-раиси Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон низ имрӯз дар паёме дар вокуниш ба ин ҳодисаолибонро дар ин замина масъӯл донист .
Миллионҳо нафар афғон бо наздик шудани зимистон бо хатари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд .
Дар ин замина Абдураҳмони Розид-вазири кишоварзии давлати муваққати Толибон дар Афғонистон ҳам гуфт : Буҳрони кунунии маводи ғизоӣ натиҷаи монеътарошӣ дар масири вуруди кумакҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ва банд шудани дороиҳои ин кишвар дар кишварҳои дигар аз ҷумла Амрико аст .



Бештар бихонед :