Ноябр 08, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Афғонистон ; шумори қурбониён ба 7 283 нафар расид

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард: То кунун 7 283 нафар дар Афғонистон бар асари ибтило ба корона ҷон бохтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон ва мухтал шудани кори идороти давлатӣ, нашри омори рӯзонаи корона низ мутаваққиф шуд.
Тибқи оморе, ки аз сӯи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мунташир шуда дар 24 соъати гузашта дар Афғонистон 40 нафар ба корона мубтало шуда, ки бо ин ҳисоб  маҷмӯи афроди мубтало ба вируси корона дар ин кишвар ба 156 363 нафар афзоиш ёфтааст .
Ин дар ҳолест, ки дар паи таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодии ахир рақами дақиқе аз омори ибтило ва маргу мири ношӣ аз вируси корона дар кишвар мунташир нашудааст .

 

Барчасп