Афзоиши 80 дарсадии кулоҳбардории интернетӣ дар Қазоқистон
(last modified Wed, 24 Nov 2021 06:18:04 GMT )
Ноябр 24, 2021 11:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 80 дарсадии кулоҳбардории интернетӣ дар Қазоқистон

Вазорати дохилии Қазоқистон аз афзоиши қобили тавваҷуҳи ҷурму ҷинояти интернетӣ дар ин кишвар, тайи 10 моҳи аввали соли ҷории мелодӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, қаллобӣ ё кулоҳбардории интернетӣ дар Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли ҷории мелодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст.

Канат Нурмагамбетов, муовини идораи полиси ҷиноии Қазоқистон гуфт, тайи 10 моҳи соли ҷории мелодӣ теъдоди қаллобиҳои интернетӣ дар ин кишвар 80 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бинобар суханони вай, тавсеаи фанновариҳои диҷиталӣ боиси афзоиши дуздиҳои анҷомшуда бо истифода аз чунин фанновариҳо шудааст.

Вай гуфт, агар дар соли 2019 теъдоди чунин ҷароим 7. 7 ҳазор маврид буд, дар поёни соли 2020 мелодӣ ин рақам беш аз 14 ҳазор ва дар 10 моҳи соли ҷории мелодӣ бо афзоиши 80 дарсадӣ то 17 ҳазору 800 маврид расидаву боиси эътирози густардаи умумӣ шудааст.

Роиҷтарин ҷароими марбута, дарёфти пешпардохт барои ироаи коло ё хадамот аст, ки тақрибан шомили ниме аз кулоҳбардориҳои интернетӣ аст.