Декабр 23, 2021 21:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири Шӯрои амнияти миллии Арманистон бар ҳамкорӣ бо Эрон барои барқарории субот дар минтақа

Дабири Шӯрои амнияти миллии Арманистон бо аъзои гуруҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Арманистон, дидор кард.

Ба гузориши хабаргузори Нюз Армения, Армен Григорян, дабири Шурои амнияти миллии Арманистон бо аъзои гурӯҳи дустии парлумони Эрон ва Арманистон дидор ва бар зарурати ҳамкорӣ бо Эрон ва барқарории сулҳ ва субот дар минтақа таъкид кард.

Дар ин нишаст Маҳмуди Аҳамади Беғаш, узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ ба нақш ва аҳмияти минтақаи Қафқози ҷанубӣ барои Эрон ишора ва таъкид кард, ки субот ва амнияти минтақа ва таҷовузнопазирӣ хати қирмизи Эрон аст ва Теҳрон ҳеҷ тағйири арзӣ дар минтақаро таҳамул нахоҳад кард.

 

Барчасп