Тавофуқи Афғонистону Туркманистон барои суръат бахшидан дар умӯри ҳуқуқӣ ва фаннии интиқоли барқ
(last modified 2022-01-30T06:00:36+00:00 )
Январ 30, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Афғонистону Туркманистон барои суръат бахшидан дар умӯри ҳуқуқӣ ва фаннии интиқоли барқ

Дар сафари ҳайати Туркманистон ба Кобул ва дар дидор бо мудири омили ширкати барқи Афғонистон роҳҳои суръат бахшидан ба анҷоми умӯри ҳуқуқӣ ва фаннии интиқоли барқ ба ин кишвар баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҳофиз Муҳаммадамин-мудири омили ширкати барқи Афғонистон бо Мурод Ортиқов-раиси бахши пружаҳои байналмиллалии барқи Вазорати энержии Туркманистон дидор ва дар мавриди тасриъ дар анҷоми умури ҳуқуқӣ ва  фаннӣ дар таъмини барқ, аз ҷумлаи интиқоли барқи Туркманистон - Афғонистон - Покистон ( TAP ) гуфтугӯ карданд .
Мудири омили ширкати барқи Афғонистон дар дидор бо ҳайати Туркманистон дар мақари ширкати Брешно таъкид кард, ки Ашқободарики мавриди эътимоди ин ширкат дар пружаҳои барқ аст .
Муҳаммадамин ибрози умедворӣ кард, ки эҷоди нақшаи роҳи муштарак, тарҳҳои энержӣ ва бавижа истгоҳи барқи Афғонистонро суръат бахшанд .

Раиси бахши пружаҳои байналмиллалии барқи Вазорати энержии Туркманистон ҳадаф аз сафари худро тақвияти равобити байни Вазорати энержии Туркманистон ва ширкати Брешно унвон кард .
Ортиқов афзуд : Бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории наздик бо Брешно пружаҳои барқи Афғонистон,ТАП, хати барқи Андхӯй - Кобул мувофиқат ҳосил хоҳад шуд .

Дар ин дидор Хоҷа Авазов-сафири Туркманистон дар Кобул низ ҳузур дошт.

 

Барчасп