Таъйини додситони кулли Афғонистон
Январ 31, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
Додситони кулли Афғонистон таъйин шуд.
Анъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон дар паёме твиттерӣ эълом кард, Шамсиддин Шариатӣ, муовини собиқи Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва домдории Толибон ба унвони додситони кулли Афғонистон таъйин шудааст.
Вай афзуд, Шариатӣ бо ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон ба ин симат мансуб шудааст.
Самангонӣ идома дод, ки додситони кулли Толибон аҳли шаҳристони Кишми вилояти Бадахшон аст ва дар гузашта ба унвони волии вилоятҳои Пактиё ва Майдон Вардак ва масъули ҷиҳодии вилояти Бадахшон, муовини комиссияи даъвату иршод ва ҳамчунон муовини комиссияи ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён фаъолият кардааст.
Барчасп