Эътирози духтарони донишҷӯ ба барномаи таблиғотии Толибон
(last modified Wed, 06 Apr 2022 10:45:54 GMT )
Апрел 06, 2022 15:45 Asia/Dushanbe
  • Эътирози духтарони донишҷӯ ба барномаи таблиғотии Толибон

Духтарони донишҷӯ ба барномаи таблиғотии Толибон эътироз карданд.

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Бомиён мегӯянд, донишҷӯёни духтар дар вокуниш ба як барномаи ҳимоятии «саҳнасозишуда”, банерҳои таблиғотии Толибонро пора карданд.

Масъулони Донишгоҳи Бомиён аз донишҷӯёни духтар хоста буданд то дар барномаи ҳимоятӣ аз ҳуқуқи занон дар варзишгоҳи Бомиён ширкат кунанд, аммо замоне, ки духтарон дар барнома ҳузур ёфтанд, мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ин барнома дар ҳимоят аз Толибон аст.