Апрел 19, 2022 16:41 Asia/Dushanbe

Бархе аз гузоришҳо аз шаҳодати 25 донишомӯз дар мактаби шаҳид Абдураҳим дар ғарби Кобул ҳикоят дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои ва Симо манбеъи афғонистонӣ аз вуҷуъи ду инфиҷор дар омӯзишгоҳи Мумтоз ва шаҳид Абдурашид дар минтақаи Қалъаи нав дар ғарби шаҳри Кобул хабар доданд.

Шоҳидон  ва манобеъи маҳалли мегуянд ду маркази омӯзишӣ давлатӣ ва хусусӣ дар ғарби Кобул ҳадафи инфиҷори паёпаӣ қарор гирифта аст шоҳидон мегуянда соати 9:30 дақиқаи субҳ як инфиҷор дар маркази омӯзишӣ Мумтоз воқеъ дар минтақаи Қалъаи нав дар ғарби Кобул ба вуқуъ пайваст дақиқаи бад аз он ҳам ду инфиҷори паёпаӣ дар вурудии омӯзишгоҳи шаҳид Абдураҳим дар минтақаи тонктили Кобул рӯи дод.

Яке аз донишомузони омӯзишгоҳи шаҳид Абдураҳим аз вуруди чандин муҳоҷими мусаллаҳ ба дохили ин омӯзишгоҳ хабар дод. Бархе манобеъ ба нақл аз шоҳидон гуфтанд фақат дар инфиҷори нахуст дар мактаби шаҳид Абдураҳим дар ғарби шаҳри Кобул 20 то 25 донишомӯз ҷони худро аз даст доданд, ҳануз ин омор аз сӯи манобеъи расмӣ тайид нашуда аст.

Бархе гузоришҳо ҳоки аз он аст, ки инфиҷорҳо дар ин мадраса бар асари ҳамлаи интиҳори буда аст ҳамчунин манобеъ гуфтанд дар инфиҷоре, ки дар маркази Мумтоз дар минтақаи қалъаи нав дар ғарби шаҳри Кобул рӯй дод 6 нафар ҷон бохтанд ва 10 нафари дигар захми шуданд.

Сухангуи фармондеҳи амниятии Толибон барои Кобул низ талафоти ҷонӣ дар инфиҷорҳои субҳи имрӯз дар ғарби шаҳри Кобулро тайид кард. Холид Задрон, сухангуи фармондеҳи амниятии Толибон дар Кобул вуқуъи се инфиҷор дар ду маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул ва талафоти онро тайид кард, аммо дар бораи чигунагии ин инфиҷорҳо ва теъдоди дақиқи талафоти он чизе нагуфта аст.

Ин нахустин бор аст, ки дар замони ҳокимияти Толибон марказҳои омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул ҳадафи инфиҷор қарор мегирад, Толибон иҷозаи пушиши хабарии инфиҷорҳо дар мактаби шаҳид Абдураҳимро надоданд.

 

Барчасп