Июл 13, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳои сиёсӣ-ягона роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон аст

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи барҷастаи даврони ҷиҳод ва яке аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Толибон дар Афғонистон, музокироти сиёсиро ягона роҳи ҳалли буҳрон дар ин кишвар медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Масъуд бори дигар дар мусоҳибае таъкид кардааст, ки то замоне, ки Толибон ба ҳалли сиёсӣ бовар надоранд, чораи дигаре ҷуз муқовимат бо онҳо нест.

Ин раҳбари мухолифони ҳукумати Толибон изҳор дошт, ки ҳалли масоили сиёсии Афғонистон  машруъияти қонунй дар бар хохад дошт; Дар акси ҳол мушкилоти густарда домангири Афғонистон хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон борҳо аз мухолифони худ хоста буданд, ки ҷангро бас кунанд ва бо ин ҳукумат муттаҳид шаванд, аммо Аҳмад Масъуд бо чигунагии низоми кунунӣ мухолиф аст.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ва таъсиси ҳукумати муваққат беш аз 10 моҳ мегузарад, то кунун ҳеҷ кишваре ин ҳукуматро расман эътироф накардааст. Илова бар ташкили ҳукумати фарогир, мубориза бо терроризм ва эҳтироми ҳуқуқи башар, аз ҷумла занон, аз шартҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои эътирофи ҳукумати Толибон аст.

 

Барчасп