Октябр 20, 2022 12:57 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари тозаи Толибон дар бораи бозгушоии мадориси духтарона

Вазири тозамансубшудаи Толибон барои вазорати омӯзиш муддаӣ шуд : Машваратҳо барои бозгушоии мадориси духтаронаи давраи мутавассита оғоз шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳабибуллоҳ Оғо, ки барои баррасии вазъияти омӯзиш ба вилояти Бомиён сафар кардааст, гуфт : « Мо дар ҳоли тартиби як сохтор дар вазорати худ барои бозгушоии мадориси духтарона ҳастем .
Ин нахустин бор аст, ки вазири ҷадиди омӯзиши Толибон аз омодасозии шароит ва « фазои муносиб » барои бозгушоии тамоми макотиби духтарона суҳбат мекунад .
Ҳукӯмати Толибон ҳудуди як моҳ қабл Нуруллои Мунирро аз сарпарастии вазорати омӯзиш барканор ва Ҳабибуллоҳи Оғоро ба ҷои он мансӯб кард .
Толибон то кунун ба ваъдаҳои худ мабнӣ бар имкони бозгашти тамоми духтарон ба классҳои дарс амал накардааст . Дар соле ки гузашт  бо вуҷуди вокунишҳои зиёди дохилӣ ва байналмилалӣ,Толибон ҳамчунон сиёсати манъи омӯзиши духтарони болотар аз синфи шашумро идома додааст .

 

Барчасп