Таҳлил: Покистон ва Русия дар роҳи истифода аз пулҳои милли ба ҷои доллар
(last modified 2022-10-20T14:03:04+00:00 )
Октябр 20, 2022 19:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Покистон ва Русия дар роҳи истифода аз пулҳои милли ба ҷои доллар
    Таҳлил: Покистон ва Русия дар роҳи истифода аз пулҳои милли ба ҷои доллар

Покистон ва Русия дар роҳи истифода аз арзҳои милли ва аз байн бурдани доллар ва евра аз муъомилоти тиҷории худ ҳастанд.

Шафқат Алихон, сафири Покистон дар Русия бо эъломи ин матлаб таъкид кард бонкҳои марказии ду кишвар талош доранд ҳарчи зудтар масоили амали дар заминаи аз байн бурдани доллар аз тиҷорати дуҷонибаро ҳал кунанд.

Сафири Покистон дар Русия ибрози умедвори кард бо аз байн бурдани доллар аз тиҷорати кишвараш бо Руися ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду тараф афзоиш ва нақлу интиқоли ваҷҳ миёни онҳо осон шавад. Дар солҳои ахир раванди истифода аз пулҳои миллӣ дар тиҷорати дуҷониба ва чандҷониба дар сатҳи байналмиллалӣ дар ҳоли афзоиш аст ва кишварҳо талош мекунанд аз ин тариқ зимни тақвияти пули милли вобастагии худро ба доллар ва евра коҳиш диҳанд.

Ин мавзуъ аз чанд ҷиҳат муҳим аст аввал он ки фишорҳои таҳримии Амрико ва Аврупо бар кишварҳоро коҳиш медиҳад, зеро онҳо бо ҳар таниш дар равобит бо кишварҳое, ки қасди ҳамроҳии сиёсатҳои ғарбро надоранд таҳрим мекуннад.

Дувум он ки сабаби раванди тиҷорӣ миёни кишварҳо мешавад зеро бедуни ҳеҷ нигарони ва маҳдудияте метавонанд мубодилоти тиҷорияшонро афзоиш диҳанд.

Чойнодели дар ин бора муътақид аст то кунун ҳудуди 60 кишвар дар ҷаҳон омодагии худро барои истифода аз пулҳои милли дар тиҷорат бо Пекан эълом карданд ва ин нишон медиҳад, ки тамоюли ҷаҳонӣ барои коҳиш ва ё қатъи вобастагии ба доллар дар ҳоли афзоиш аст ва метавонад сабаби заиф шудани доллар дар мубодилоти тиҷорати ҷаҳони шавад бо таваҷуҳ ба ин ки мавориди таҳримии кишварҳо аз суи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли афзоиш аст.

 

Барчасп