Таъкид бар баррасии ҷиноёти артиши Амрико дар Афғонистон
Ҳамзамон бо оғози баррасии ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон тавассути Девони Кайфарии Байналмилалӣ, Дидабони Ҳуқуқи Башар ҳам баррасии ҳамалоти маргбори артиши Амрико дар Афғонистонро хостор шуд.
Дидабони Ҳуқуқи Башар дар тозатарин гузориши худ эълом кард, дар 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, ин ниҳод ба асноде даст ёфта, ки собит мекунад неруҳои амрикоӣ бар асоси иттилооти нодуруст ё пешфарзҳои ғалат, даҳҳо ғайринизомии афғонро ба қатл расонидаанд.
Дидабони ҳуқуқи башар дар ин гузориш менависад, дар солҳои 2018 ва 2019 ки ҳамалоти таҳоҷумии неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон афзоиш ёфт, ғайринизомиёни бисёре кушта шуданд.
Дар гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар омадааст, бояд мадорики марбут ба тамоми ҳамалоти шабона дар Афғонистон ироа шавад, ба вижа дар ҳамалоте ки созмони СИА дар он дахолати мустақим доштааст.
Таъкиди Дидабони Ҳуқуқи Башар бар лузуми расидагӣ ба ҷиноёти артиши Амрико дар Афғонистон ҳамзамон бо шуруи баррасии ҷиноёти ҷангии низомиёни он кишвар тавассути Девони Кайфарии Байналмилалӣ аз як мутолибаи байналмилалӣ аз сӯи афкори умумӣ дар ин парванда ҳикоят дорад.
Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар давраи ҳузури бист соли ишғоли Афғонистон, муртакиби ҷиноёти зиёди ҷангӣ шуданд, ки хостаи мардуми ин кишвар ва ҳамчунин афкори умумии байналмилалии муҳокимаи авомили ин ҷиноят аст.
Дар шароите дархостҳои байналмилалӣ барои муҳокимаи низомиёни амрикоӣ ба далели иртикоб ба ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, ки ҳафтаи пеш Би Би Си дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, 64 кӯдаки афғонистонӣ дар амалиёти артиши Англия тайи солҳои ҷанг дар Афғонистон кушта шуданд, ки давлати Англия танҳо 16 мавридро ба сурати расмӣ пазируфта буд.
Ин дар ҳолест, ки як муассисаи хайрияи англисӣ эълом кардааст, омори ғайринизомиёни кушташуда аз сӯи артиши Англия дар Афғонистон бештар аз ин чизе аст, ки то кунун эълом шудааст. Ба гуфтаи ин муассиса, эҳтимол дорад омори кӯдакони кушташуда дар ҷанги Афғонистон ба 135 нафар низ афзоиш ёбад.
Бо вуҷуди возеҳ будани ҷиноёти ҷангии неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон бар асоси эътирофи бархе мақомоти онҳо ва мадорики ифшошуда дар расонаҳои ғарбӣ, аммо ҳамчунон Кохи Сафед аз пазириши масъулияти ин ҷиноёт ва ҳамчунин пардохти ғаромат ба хонаводаҳои қурбонии ҷанги Афғонистон худдорӣ мекунад.
Потрисия Госман, раиси ҳуқуқи башари Осиё ва коршиноси аршади ҳуқуқи башари Афғонистон мегуяд, Амрико ва Англия дар бисёре аз маворид аз баррасӣ ва таҳқиқи дақиқ дар мавриди ҳаводиси иттифоқафтода дар ҷараёни ҷанги Афғонистон канор рафтааст ва ин ба маънои он аст, ки кишварҳои ғарбӣ дар мавриди корҳои худ дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар ва куштори ғайринизомиён, ба хусус занону кӯдакон дар Афғонистон посухгӯ нестанд.