Январ 29, 2023 13:19 Asia/Dushanbe
  • Далели Толибон барои мамниъияти имтиҳоноти занон ба манзури вуруд ба донишгоҳҳо
    Далели Толибон барои мамниъияти имтиҳоноти занон ба манзури вуруд ба донишгоҳҳо

Вазири таҳсили олии ҳукумати Толибони Афғонистон сабаби мамнуъияти имтиҳони занон барои вуруд ба донишгоҳҳоро ихтилоти занон ва мардон донист.

Ҳукумати Толибони Афғонистон дишаб дар паёми ба донишгоҳҳои ин кишвар ҳушдор дод занони афғон иҷозаи имтиҳоноти вуруди ба донишгоҳҳоро надоранд.

Вазорати таҳсили олии Толибон дар номаи хитоб ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хусусии Афғонисон номнависии духтарон дар озмуни имтиҳони вурудии соли 1402-ро мамнуъ эълом кард.

Мамнуъияти ҳузури духтарон дар озмуни вурудии донишгоҳҳо барои соли 1402 хуршеди дар ҳоле аст, ки иқдоми ин гуруҳ дар пешгири аз таҳсили духтарон дар пояи болотар аз шаш ва ҳузури духтарон дар донишгоҳҳо бо эътирози дохилӣ ва хориҷӣ ру ба ру шуда аст ва яке аз мавонеъи барасмият шинохтани ҳукумати Толибон аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамин мавзуъи баҳси ҳуқуқи занон ва таҳсили дутарон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Нидои Муҳаммаднадим, вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон дар ин замина гуфт: Барои пешгири аз ихтилоти занон ва мардон дар донишгоҳҳо мамнуъияти вуруди занон зарури аст чаро, ки ба иддаои вай бархе аз воҳидҳое, ки дар донишгоҳҳо тадрис мешавад усули исломиро нақз мекунад.

Нидои Муҳаммадандим афзуд: Талошҳо барои ислоҳи ин мушкилот ҷараён дорад ва замони ҳалли ин мушкилот донишгоҳҳо ба руи занон боз хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Зиёуллоҳ Ҳошимӣ, сухангуи Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ҳам гуфт: Номаи ҳушдори ба тамоми донишгоҳҳои Афағонистон ирсол шуд, ки ба занон иҷоза надиҳанд, ки дар имтиҳоноти вуруди ширкат кунанд.   

Барчасп