Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар шашумин нишасти вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ
(last modified Fri, 17 Feb 2023 15:21:55 GMT )
Феврал 17, 2023 20:21 Asia/Dushanbe
  • истифодаи муассир аз замину об
    истифодаи муассир аз замину об

Намояндаи Тоҷикистон дар шашумин нишасти вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ ширкат кард.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар шашумин нишасти вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Таъмини молӣ барои тавсеаи пойдори кишоварзӣ ва тавлид дар Осиёи Марказӣ” ба сурати маҷозӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Қурбон Ҳакимзода дар нишасти маҷозӣ дар хусуси имконоти тавлиду содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, эҷоди ҳамкориҳо ва масоили марбут ба тағйироти иқлимӣ изҳори назар кард.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, пешбурди кор дар ростои сармоягузорӣ дар тавсеаи кишоварзӣ, истифода аз беҳтарин таҷрибаҳои кишварҳо, истифодаи муассир аз замину об ва тавлиди густардаи маҳсулот, пешгирӣ аз тағйироти иқлимӣ, татбиқи маҳсулоти зироатӣ бо он ва ташвиқи тавлидкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ буд.