Март 30, 2023 12:30 Asia/Dushanbe

Сафири Арабистон дар Бағдод дар маросими ифтории сафири Эрон дар Бағдод, тавофуқи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистонро барои азсаргирии равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Абдулазиз ал-Шаммарӣ, сафири Арабистон дар Бағдод чаҳоршанбешаб дар ҳошияи зиёфати ифтории сафири Эрон дар Бағдод, дар посух ба суоли хабаргузории “Эрон пресс” гуфт: Тавофуқи сиёсии Теҳрону Риёз илова бар тақвияти равобити дуҷониба, бар вазъияти минтақа низ таъсиргузор аст.

Сафирони кишварҳои арабиву исломӣ, аз ҷумла сафирони Арабистон, Сурия ва Фаластин меҳмони вижаи суфраи ифтории сафири Эрон дар Бағдод буданд. Ин зиёфати ифторӣ бо ҳадафи ҳамгароии кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё баргузор шуд.

Муҳаммадкозим Оли Содиқ, сафири Эрон дар Бағдод ҳам дар ҳошияи ин зиёфати ифторӣ гуфт, зиёфати ифторӣ фурсате шуд то бо даъват аз сафирони кишварҳои арабӣ, гуфтугӯҳои дуҷонибаву чандҷониба дар чорчӯби манофеи уммати исломӣ анҷом шавад.

Ба гуфтаи сафири Эрон дар Бағдод, дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳам дар ин маросим гуфтугӯ шуд ва умедворем маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба хубӣ дар кишварҳои исломӣ ва дигар кишварҳо баргузор шавад.

Саттом Дандаҳ, сафири Сурия дар Бағдод низ гуфт, дидору гуфтугӯ дар ҷараёни зиёфати ифтории сафири Эрон дар Бағдод, дӯстона буд ва интизор меравад кишварҳои исломӣ ихтилофотро канор бигузоранд ва бидонанд душмани муштараки онон режими Исроил аст ва ин режим аз равобити хуби кишварҳои арабӣ - исломӣ хашмгин аст.

Аҳмад Алақал, сафири Фаластин дар Бағдод ҳам дар посух ба суоли хабаргузории “Эрон пресс” гуфт: Рӯзи Қудси омили ваҳдати мусулмонон аст ва бо ваҳдату якпорчагии уммати исломӣ Қудс ва сарзамини Фаластин озод мешавад.

 

Барчасп