Октябр 08, 2023 16:38 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Туфони Ал-Ақсо бузургтарин ғофилгирии низомии Исроил+видео
    Таҳлил: Туфони Ал-Ақсо бузургтарин ғофилгирии низомии Исроил+видео

Ҷумбиши Ҳамос имруз 7 октябри соли 2022 амалиёти Туфони Ал-Ақсоро зидди режими саҳюнистӣ анҷом дод ки ин режимро дар шоки бузурги фуру бардааст.

Гурдонҳои Қисом шохаи низомии Ҳамос ҳамлаи густардаи рокети ва заминии зидди Исроилро анҷом доданд.

Муҳамади Алзайф фармондеҳи гурдонҳои Қисом, ки ба нудрат изҳори назр мекунад номи ин ҳамларо Туфони Ал-Ақсо эълом карда ва гуфтааст, ки дар вокуниш ба ҳамалоти мустамари яҳудёни тундрав ба Масҷидулақсо сурат мегирад.

Бинобарин ин ҳамла дар дифо аз ҳувияти исломии Масҷидулақсо анҷом шуд. Саҳюнистҳо дар тӯли як ҳафтаи гузашта ба баҳонаи иди яҳуди мавсум ба иди сукут борҳо ба Масҷидулақсо таъарруз карда ва бо фаластиниҳо даргир шуданд ва ҳатто шуморӣ аз ғайринизомиёни фаластиниро захмӣ карданд.

Ин ҳамла қотеъонатарин посух ба саҳюнистҳо дар хусуси таъарруз ба Масҷидулақсо буд.

Муҳимтарин шохисаи амалиёти Туфони алақсо ғофилгерии режим саҳюнистӣ аст.  Ин ҳамалот дар ҳоле анҷом шуд, ки асосан ҳеҷ нишонаи дол бар иродаи фаластиниҳо барои ҳамла ба Исроил вуҷуд надошт.

Ба ҳамин далел низ заработи сангинӣ ба режими ишғолгари Қудс ворид шуда ба шакле, ки сангинтарин шикасти низомии таърихи 75 солаи режим буд. Омори дақиқӣ дарбора шумори куштаҳо вуҷуд надорад аммо дар тӯл танҳо як рӯз даст кам 40 кушта шуданд дар ҳоле ки манобеи фаластинӣ ва ҳатто бархе манобеи исроилӣ теъдоди куштаҳоро беш аз 100 нафар эълом мекунанд.

Теъдоди захмиҳо низ ҳудуди 1000 нафар эълом мешавад шохисаи дувум ин аст ки ғофилгерии бузург дар даруни худ, шикасти иттилоотии Исроилро нишон медиҳад чаро ки фаластиниҳо ҳам аз ҳаво ва ҳам аз замин ҳамла карданд ҳам аз осмон ва ҳам аз тунел истифода карданд, ҳам асирон зиёдӣ гирифтанд ва ҳам таҷҳизоти зиёдӣ аз ҷумлаи танки Морково ки саҳюнистҳо онро эътибори низомии худ медонанд.

Гунбади пурҳазинаи оҳанӣн низ амалан нокоромад буда ва ракетҳои фаластинӣ аз он убуру ва аҳдофи муҳиммиро тахриб карданд. Бо ин ҳол ончӣ ки ҳамлаи имруз ва шикасти иттилоотии Исроилро барҷаста месозад, ҳамалот ракетӣ нест балки вуруди теъдоди қобили таваҷҷуҳи аз неруҳои Ҳамос ба манотиқ исроилинишин дар атрофи навори Ғазза ва сайтара бар бархе пойгоҳҳо ва ба асорати даҳҳо низомӣ ва ба ғанмит гирифтани бархе худруҳои зиреҳӣ ва адавоти низомии дигар ва бозгардондани онҳо ба Ғазза ва намоиши онҳо дар хиёбонҳои ин минтақааст.

Шохисаи муҳими дигари амалиёти алақсо тарҳрезии ҳушмандонаи ҷумбиши Ҳамос барои ин ҳамла аст Ин ҳамла ба лиҳози замонӣ дар айёми иди сукут ва дар авҷи шиканандагии дохилии режими саҳюнистӣ анҷом шуд. Ба лиҳози иҷроӣ ҳам дар замин ва ҳам дар осмон анҷом шуд.

Неруҳои Ҳамос даҳҳо низомии Исроилиро асир гирифтанд ки агар Телавив хостори озодии онҳо бошад бояд садҳо асири фаластиниро озод кунад.

Ин ҳамла дар солгарди явмулкибур ё ҷанги октябри соли 1973 анҷом шуд ки бо пирӯзии нисбии аъроб дар муқобили Исроил ҳамроҳ буд. Илова бар ин амалиёти алақсо замонӣ анҷом шуд ки мақомоти исроилӣ ва арабистонӣ дар бораи наздикшудан ба тавофуқи одисозии равобит сухан мегуфтанд.

Сарфи назар аз инки оё амалиёти алақсои сабаби ихтилол дар тавофуқи одисозии равобити Арабистон ва режими саҳюнистӣ хоҳад шуд ё не ин амалиёт собит кард фаластиниҳо натанҳо таҳти таъсири одисозӣ қарор намегиранд балки одисози ба тақвияти қудрати боздорандагии онҳо мунҷар шуда ва амнияти бештар барои Исроилро дар пай нахоҳад дошт.

Барчасп