Ноябр 25, 2023 11:15 Asia/Dushanbe
  • Корзори таҳрими колоҳои режими саҳюнистӣ дар Туркия

Расонаҳои Туркия аз шаклгирии бузургтарин корзори таҳрими маҳсулоти режими саҳюнистӣ ва кишварҳои ғарбии ҳоми Исроил хабар доданд.

Куштори ғайринизомиён дар Ғазза тавассути неруҳои режими саҳюнистии Исроил аз ҳафтуми октябр, ба вежа ба шаҳодат расондани занону кӯдакон, афкори умумии байналамиллалиро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Йени Акит дар ин бора навишт, агарчи ин аввалин боре нест, ки чунин корзоре дар Туркия ба роҳ меафтад, ин бор ба далели маҳкумитҳои густурдаи амалиёти режими саҳюнистӣ дар шаҳри Ғазза, таҳрими маҳсулоти исроилӣ бо бештарин ҳимояти мардуми кишвар рӯбарӯ шудааст.

 Йени Акит ба ин, ки корзори таҳрими маҳсулоти тавлидшуда дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳомиёни режими саҳюнистӣ аз сӯи чӣ урдугоҳ ё ҳизбе ба роҳ андохта шуда, ишорае накард ва ба назар мерасад, ин ҳаракати худҷӯш аз сӯи мардуми Туркия будааст.

 Нашрияи чопи Туркия ҳамчунин навишт, садҳо навъ аз маҳсулоти тавлидшуда дар саросари ҷаҳон дар бозорҳои Туркия арза мешавад, аммо шаҳрвандон дар мухолифат бо ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза ва дар эътироз ба ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз куштори ғайринизомиёни Ғазза, дар корзори бузург ба хариди тавлидоти дохилӣ рӯй овардаанд.

 

Барчасп