Декабр 15, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳи амрикоӣ
    Ҳамлаи паҳподии муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳи амрикоӣ

Муқовимати исломии Ироқ панҷшанбешаб бо судури баёнияе масъулияти ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ (пойгоҳи Аттанф) дар ҷануби Сурияро бар уҳда гирифт.

Манобеи хабарӣ рӯзи панҷшанбе аз ҳамла ба пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ дар ҷануби Сурия хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи муқовимати исломии Ироқ омада, ки паҳподҳои шилликшуда ба ҳадаф исобат кардааст.

Муқовимати исломии Ироқ сешанбешаб низ пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар майдонҳои нафтиву газии "Конико" ва Умар дар шарқи Сурияро ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор дода буд.

 

Барчасп