Январ 01, 2024 19:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ракетии муқовимати Ироқ ба пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар Сурия
    Ҳамлаи ракетии муқовимати Ироқ ба пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар Сурия

Муқовимати исломии Ироқ барои чандуминбор тайи рузҳои ахир яке дигар аз пойгоҳҳои ишғолгарони амрикоӣ дар Сурияро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс муқовимати исломии Ироқ имрузи душанбе 1 январ пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар минтақаи Алшидодӣ ҷануби устони Алҳасака шимоли шарқи Сурияро ҳадафи ҳамла қарор дод.

Шаби гузашта низ бархе манобе аз ҳамлаи паҳподӣ ва ракетии муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар шаҳри Алшидод хабар дода буданд.

Шабакаи телевизиюнии Алмёдин низ шаби гузашта гузориш дод ду пойгоҳи Амрико дар майдони нефтии Алумр ва Кунику дар Дайрзур шарқи Сурия ҳадафи ҳамлаи ракетии қарори муқовимати Ироқ гирифта аст.

Пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар майдони нефтии Алумр ҳам бомдоди дируз бо се паҳпод ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва хисоратҳои ба он ворид шуд.

Муқовимати исломии Ироқ ҳамчунин як мавзеи низомии саҳюнистҳоро дар Ҷавлони ишғолии Сурия бо паҳпод ҳадаф қарор дод.

Бо шуруи амалиёт Туфони алақсо дар 7 октябри гузашта ва иқдомоти зиддиинсонии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ба вижаи бомбаборонҳои шадид ва муҳосираи ин минтақа бо кумаки Амрико се гуруҳи муқовимати исломии минтақа яъне Ҳизбуллоҳи Лубнон Ансоруллоҳи Яман ва гуруҳҳои муқовимати ироқӣ ба кумаки муқовимати Фаластин дар Ғазза пайвастанд то шароити зидди инсони ба вуҷудомада дар асари таҳоҷуми саҳюнистҳоро коҳиш диҳанд.

Дар пайи бомбаборонҳои бевақфаи манотиқи маскунӣ омузишӣ ва дармонии Ғаззаи тавассути бомбафканҳои режими саҳюнистӣ ҳар як аз гуруҳҳои муқовимати исломии минтақа вазифаеро дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ба уҳда гирифта аст дар ин байни гуруҳҳои ироқӣ бо ҳадафи қарор додани пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия ба ишғолгарон тафҳим кардаанд ки ҳазинаи ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар куштори мардуми борикаи Ғазза бар уҳдаи ҳомиён Исроил аст.

Барчасп